Суди ноҳияи Кирови шаҳри Уфа аз рӯи парвандаи ҷиноӣ нисбати 4 сокини аз 31 то 62-солаи ин шаҳр ва сокини 33-солаи шаҳри Набережнии Челни ҳукм содир кард.
Аз хадамоти матбуоти прокуратураи Ҷумҳурии Бошқирдистон хабар додаанд, ки давоми солҳои 2014-2015 маҳкумшудагон намояндагони ширкатҳоро бо ваъдаи имкони таъмин бо маҳсулоти нафтӣ аз корхонаҳои маъруфи коркарди нафт ба гумроҳӣ меандохтаанд, хабар медиҳад Башинформ.ру.
Бо вуҷуди надоштани имкони воқеии иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон, онҳо бо шахсони манфиатдори воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавриди таъмин бо ашёи хоми нафтӣ ба маблағи беш аз 60 млн. рубл (1 млн. 69 ҳазор доллар) қарордодҳо ба имзо расонидаанд. Миёни ҷабрдидагон ширкатҳои Қазоқистону Тоҷикистон ҳузур доранд.
Ҷинояткорон мувофиқи моддаи «қаллобӣ» гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлати аз 3 то 5 соли зиндони шартӣ бо муҳлати озмоишии аз 2 то 5 сол маҳкум шудаанд. Ҳамчунин суд онҳоро ба пардохти зиёни ҷабрдидагон уҳдадор кардааст.
Гуфта мешавад, судшавандагон ба гуноҳи худ иқрор нашудаанд. Мақомоти прокуратура низ бинобар сабаби сабукии ҷазо, аз болои ҳукм шикоят бурданист.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.