Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи як санҷиш дуздии миллионҳо сомеро ошкор кардааст, ки ба бахши низомии ин кишвар ҷудо шуда буданд.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба огаҳии додситонӣ, соли 2015 барои барқарорсозии зерсохторҳои Вазорати дифои Қирғизистон беш аз 70 миллион сом (беш аз 1 млн. доллар) ҷудо шуда буд.
Вале мансабдорони вазорат ва ниҳодҳои зертобеи онҳо, аз ҷумла ширкати давлатии «Аскер Курулуш» беш аз 37 миллион сом (543 ҳазор доллар)-ро ғайриқонунӣ ба корҳои таъмирӣ ва хариди масолеҳи сохтмонӣ сарф кардаанд.
Ба ҷуз ин, 9 миллион соми дигар дар пайи аз ҳад зиёд нишон додани харҷи корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аз худ карда шудааст.
"Ин амалҳо се сол пеш анҷом, вале ҳоло ошкор гаштанд. Дар ҳоли ҳозир, тафтишот идома дорад ва дастандаркорон муҷозот хоҳанд шуд", – гуфт додситони низомии қирғиз Нуркамол Набиев.
Дар робита ба ин ҳодиса бо бандҳои "Сӯистифода аз мақом" ва "Истифодаи ғайриқонунии пулҳои буҷа" парванда боз шудааст.
Додситонии ҳарбии Қирғизистон ному насаби мансабдоронеро, ки ба дуздии пулҳо айбдоранд, ошкор намекунад.