Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон изҳор доштааст, ки шӯрои нави машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) метавонад мулоқотҳои мунтазамро ташкил кунад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай пешниҳод кардааст, ки Шӯрои сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад.
Ба бовари Бердимуҳаммадов, шӯрои машваратӣ зери номи Шӯрои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, метавонад мулоқотҳои пайвастаи роҳбарони кишварҳои ОМ-ро ҳамоҳанг кунад. Вай ин пешниҳодро дар сафараш ба Ӯзбекистон ироа кардааст.
Расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд, ки бо ташаббуси Бердимуҳаммадов барои ташкили чунин як шӯро гуруҳи коршиносони панҷ кишвар ҷамъ хоҳанд шуд.
Ташаббуси президенти Туркманистон дар ҳоле садо медиҳад, ки як моҳ пеш дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мулоқоти сарони панҷ кишвари ОМ баргузор гардида буд. Зимнан, дар он мулоқот Бердимуҳаммадов ширкат надошт.
Саммити Остона, ки рӯзи 15 марти соли ҷорӣ барпо шуд, нахустин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои ОМ ном гирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.