Москва ба домоди Назарбоев иҷозат дод, бандари Балтикро харидорӣ кунад
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, комиссияи ҳукуматии Русия дар умури сармоягузории хориҷиҳо ба бахши иқтисодӣ иҷозат дод, ки тоҷири қазоқ Тимур Қулибоев, домоди президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, бандари Висотскро дар соҳили Виборги баҳри Балтик харидорӣ кунад.
Гуфта мешавад, дар ин бора роҳбари Хадамоти федеролии зиддимонополии Русия Игор Артемев хабар додааст.
Артемев гуфтааст, Қулибоев назорати бандари Висотскро дар 90-километрии шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба даст овард. Арзиши ин доду ситад дақиқ нест.
"Ин мисли идомаи ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди гумрукист ва намояндаи Қазоқистон чунин амволи ҷиддиро дар Балтик харидорӣ мекунад, ки хурсандиовар аст", – иброз доштааст Игор Артемев.
Зимнан зикр мегардад, ки маҷаллаи амрикоии Forbes дороии Тимур Қулибоевро 3,2 миллиард доллар баҳо медиҳад. Маҷмуи дороии Қулибоев бо ҳамсараш Динора Қулибоева, ба навиштаи Forbes, аз марзи 6,4 миллиард доллар убур мекунад.