Вазорати маорифи Ӯзбекистон дар бораи аз мақом барканор шудани мудири мактаби №5 шаҳри Бекобод хабар дод.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин барканорӣ ба он марбут аст, ки Д. Бобомуродова – яке аз омӯзгорони мактаби мазкур ахиран дар пешонии хонандагони синфи 1 баҳои "ду" гузошт.
Акси кӯдакон бо навиштаи рақами "ду" дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Додситонии шаҳри Бекобод ҳамроҳ бо мақомоти маориф тафтиши ҳодисаи мазкурро шурӯъ карданд.
Гуфта мешавад, мақомоти прокуратура ба рафтори омӯзгор ҳамчун "шиканҷаи равонӣ" нисбати хонандагон баҳо додааст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар пайи ин моҷаро шартномаи меҳнатӣ бо мудири мактаб бекор шуда, ҳамчунин 7 нафар кормандони ин муассисаи таълимӣ аз кор озод шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.