spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мирзиёев: собиқ прокурори генералӣ аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт

Прокурори генералии пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров дар бемористони низоми сахти Тошканд бистарӣ шуд. Ин иттилоъро яке аз наздикони Қодиров тасдиқ кардааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, рашид Қодиров ду ҳафта пеш, баъди боло рафтани фишори хунаш, бистарӣ шудааст.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 май гуфтааст, ки дар 2-3 моҳи оянда собиқ прокурори пешин тариқи телевизион аз мардум узрхоҳӣ мекунад.

"Ҳоло прокурори генералӣ ҳамроҳ бо гуруҳаш дар зиндон аст. Миллионҳо долларашро таслим мекунад. Баъди 2-3 моҳ ман коре мекунам, ки вай тариқи телевизион дар бораи ҳама чиз нақл кунад. Зеро вай фасодкориро дар ҳама ҷо паҳн кард. Аз ҳар прокурори ноҳиявӣ 30-40 ҳазор доллар пора мегирифт. Вай дузди воқеӣ буд. Ба ҳамин хотир аз мақомоти прокуратура 70 дарсади кадрҳо ронда шуданд. Ман дар ин ниҳод одамони поквиҷдонро таъйин кардам. Агар касе хиёнат кунад, ҳамин сарнавишт ӯро интизор аст", – гуфтааст Мирзиёев.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сабукдӯшии якбора 50 мансабдор дар Вазорати молияи Ӯзбекистон

Дар ҳамин ҳол, Рашид Қодиров розӣ шудааст, ки тариқи телевзион аз мардум ва президент узрхоҳӣ кунад.

Прокурори пешини Ӯзбекистон 22 феврали соли ҷорӣ боздошт шуд. Вай дар тамаъҷӯӣ, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва фасодкорӣ айбдор мешавад.

Қодиров соли 2000-ум прокурори генералӣ кулл таъйин шуд ва моҳи апрели соли 2015 барканор гардид. Алишер Қодиров, писари Рашид Қодировро бо гумони тамаъҷӯӣ ва қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълон карданд. Зидди падару писар то имрӯз дар ҳаҷми ним миллиард доллар шикоят ворид шудааст.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...