Додситонии кулли Ӯзбекистон дар бораи садамае бо иштироки сарвазири он кишвар хабар дод.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садама "ҷароҳати сабук бардоштааст".
Гуфта мешавад, рӯзи 20 август дар километри 92-уми роҳи мошингарди "Қарасӯ-Бука-Бекобод" мошини навъи Damas бо мошини Mercedes-Benz-и сарвазир бархӯрд.
«Дар натиҷа сарвазир ҷароҳати сабук ва муовини вай Алишер Султонов якбора чанд ҷароҳат бардошта, устухонҳояш шикастааст», – омадааст дар хабар.
Зимнан зикр мегардад, ки ба ҷуз ин, У. Қурбонов, як масъули дастгоҳи президент ва ронандаи мошин Р. Толипов маҷруҳ шудаанд.
"Ронандаи мошини Damas ва мусофиронаш ҳам маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд", – хабар додааст додситонӣ.