spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳабси 11 нафар роҳбарони бозорҳои Тошканд барои роҳ додан ба пӯсидани пиёз

Охири моҳи июн дар ҷаласаи эътилофи "Тошбоҳорсавдо" ҳадди ақал 11 роҳбари бозорҳои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон боздошт шуданд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи намояндаи Додситонии кулли Ӯзбекистон, нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноятӣ боз ва ҳамаи онҳо дар роҳ додан ба пӯсидани пиёз дар анборҳои давлатӣ айбдор мешаванд.

Ин ҳодиса дар таърихи 30 июн рух дода, аммо танҳо ҳоло расонаӣ шудааст. Наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, онҳоро давоми ду моҳ дар боздоштгоҳи вазорати корҳои дохилӣ нигаҳдорӣ кардаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вазири кишоварзӣ сабаби арзонии пиёзро шарҳ дод

"Падари маро он рӯз ба ҷаласа даъват карданд. Вале дар рафти ҷаласа ӯро боздошт карданд. Ба ҷуз падари ман роҳбари 10 бозори дигарро ҳам боздошт карданд", – гуфт писари яке аз раисони боздоштшуда.

Баҳори имсол дар бозорҳои Тошканд ба муштариҳо тақрибан 3 ҳазор тонна пиёзи ройгон тақсим карданд. Ба гуфтаи яке аз масъулони эътилофи "Тошбозорсавдо", боздошти роҳбарони бозорҳо маҳз ба ҳамин ҳодиса рабт дорад.

"Боздоштшудаҳо дар расонидани зарар ба буҷаи давлат дар ҳаҷми 12 миллиард сӯм (наздики 1,5 миллион доллар) айбдор мешаванд", – гуфт намояндаи эътилоф.

Ба гуфтаи вай, миёни боздоштшудаҳо раисони бозорҳои "Урикзор", "Челонзор", "Бек тупӣ", "Чорсу" ва ғайра ҳастанд.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...