spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркманистон маҳдуд ва нархаш боло меравад

Дар пайи қабули қонуни нави нӯшокиҳои спиртии Туркманистон интизор меравад, фурӯши ин навъи нӯшокӣ маҳдуд шуда, нархи он боло биравад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба расонаи мустақили "Хроника Туркменистана", Дар матни қонун омадааст, ки нӯшокии спиртӣ танҳо дар нуқтаҳои махсуси савдо, тарабхона ва қаҳвахонаҳо фурӯхта хоҳад шуд. Мағозаҳо онро танҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 10 то 20 мефурӯшанд. Фурӯши нӯшокии спиртӣ ба шахсони то 21-сола манъ аст.

Гуфта мешавад, қонуни мазкур давра ба давра ба иҷро хоҳад даромад. Маҳдудиятҳои аввал аз 1 январи соли 2019, бахши дувум аз июли соли 2019 ва боқӣ аз 1 январи соли 2021 ба иҷро медароянд. Аз ҷумла, банди манъи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ дар рӯзҳои истироҳат аз соли 2021 иҷро мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Болоравии меъёрҳои аксиз ба машрубот ва тамоку дар Тоҷикистон

"Хроника Туркменистана" ҳамзамон хабар додааст, ки нархи нӯшокиҳои спиртӣ дар Туркманистон аллакай аз аввали моҳи декабр боло рафтааст. Бино ба маълумоти нашрия, аксизи нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку дар Туркманистон аз 1 декабр боло бурда шуд.

Ба гуфтаи хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир дар фурӯшгоҳҳои Ишқобод навъҳои гуногуни нӯшокиҳои спиртиро метавон пайдо кард. "Аз ҳама навъи арзони онҳо 13 манат (ҳудуди 4 доллар бо қурби расмӣ) ва аз ҳама гарон 100 манат арзиш доранд. Вале на ҳама метавонанд, нӯшокиҳои спиртиро ошкоро фурӯшанд. Дарёфти иҷозатномаи фурӯши ин навъи нӯшокӣ мушкил аст", – афзудааст хабарнигор.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...