Шаҳрвандони хориҷии 109 кишвари саросари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон зимни харидани амволи ғайриманқул дар Ӯзбекистон, ба ҳуҷҷати иҷозаи зист (вид на жительство) соҳиб шуда метавонанд.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин робита хабар медиҳад, дар ин хусус президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев фармони дахлдор ба имзо расонидааст.
Чунин ҳуқуқ бо шарти харидории амволи ғайриманқул дар шаҳр ва вилояти Тошканд – ба маблағи на камтар аз 400 ҳазор доллар, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Намангону Андиҷон, Фарғона ва Хоразм – ба маблағи на камтар аз 200 ҳазор доллар ва дар Қарақалпоқистону дигар вилоятҳои кишвар – ба маблағи на камтар аз 100 ҳазор доллар дода мешавад.
Ғайр аз ин, Ӯзбекистон шумори кишварҳоеро, ки ба вуруди шаҳрвандонашон бе раводид (виза) иҷоза аст, низ зиёд кард, иттилоъ медиҳад УзА.
Рӯйхати мазкурро Norma.uz нашр кард. Ин ҷо асосан сари кишварҳои аврупоӣ, аз қабили Италия, Австрия, Норвегия ва Британияи Кабир, ҳамчунин чанде аз дигар давлатҳо бо шумули Канада ва Зеландияи Нав сухан меравад.
Илова бар ин, рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бо тартиби соддашуда раводиди электронӣ ба расмият дароранд, низ то 76 давлат афзуд. Аз моҳи марти соли 2019 навъҳои иловагии чунин раводидҳо ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба расмият даровардани чунин ҳуҷҷатҳо барои чандин маротиба истифода бурдан пешбинӣ шудааст.
Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.
Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.