Дар Ӯзбекистон сар аз 14 январи соли равон шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Вконтакте ва саҳифаи YouTube дубора дастрас шуданд.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба маълумоти расонаҳои ӯзбекӣ, то ҳол воридшавӣ ба шабакаҳои мазкур танҳо бо VPN ва филтршиканҳо (анонимайзерҳо) имконпазир буд.
Гуфта мешавад, тамоми ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар Ӯзбекистон низ тасдиқ карданд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин кишвар бидуни филтршиканҳо дубора дастрас шудаанд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар бузургтарин хабаргузориҳои давлатӣ ва вазоратхонаҳои Ӯзбекистон Facebook ва YouTube бидуни истифодаи филтршикан то ин замон дастрас буданд.
Қобили зикр аст, ки дастрасӣ ба Facebook дар Ӯзбекистон моҳи сентябри соли гузашта маҳдуд шуда буд. Дертар YouTube низ дастнорас шуд.
Ёдрас мешавад, қарор аст, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 20-22 январ аз Олмон боздид кунад. Бархе корбарони ӯзбек мегӯянд, дастрас шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин сафар рабт доранд.