Соҳибкори маъруфи ӯзбектабори Русия Алишер Усмонов ба Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ба маблағи 8 млн. доллар маҷмӯаи китобҳои нодир ҳадя кард.
Бино ба иттилои хабаргузории Podrobno.uz, маҷмӯа аз 4923 номгӯи китобҳо бо забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ ва олмонӣ иборат буда, байни онҳо асарҳо доир ба таъсири шарқ ва ҷаҳони ислом ба Аврупо, ҳамчунин нахустин тарҷумаи лотинии “Ал-Қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино низ мавҷуд аст.
Қобили зикр аст, ки Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд бо дастгирии Алишер Усонов сохта шуда истодааст.
Дар назар аст, ки маҷмаа мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ бунёд гардида, он аз китохона, маркази иттилоотӣ-захиравӣ, кафедраҳои илмӣ, толори конфронс, ҳуҷраҳои корӣ ва дигар иншоот иборат хоҳад буд.
Моҳи июни соли 2018 президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба оғози сохтмони Маркази мазкур санги асос гузошта буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.