Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, 19 март, зимни изҳороти телевизиониаш эълон кард, ки салоҳиятҳои худро ҳамчун президенти кишвар канор мегузорад.
Муроҷиати телевизионии Нурсултон Назарбоев ба таври зинда тариқи шабакаҳои телевизионии Қазоқистон пахш гардид. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки салоҳиятҳои худро ба ҳайси президенти кишвар канор мегузорад, аммо дар мансаби раиси Шӯрои амнияти миллӣ, ки мақоми муҳим ва таъсиргузори кишвар ба ҳисоб меравад, боқӣ мемонад.
Нурсултон Назарбоев бо имзои охирин фармони худ, раиси Сенат – палатаи болоии парлумони Қазоқистон Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро иҷрокунандаи вазифаи президент таъйин намуд. Ӯ то интихоби навбатии президенти, Президенти Қазоқистон хоҳад буд.
Нурсултон Назарбоев дар изҳороти худ аз сокинони Қазоқистон барои “эътимод ва рай” сипосгузорӣ намуд ва таъкид анмуд, ки “вақти ба саҳна омадани ҷавонон фаро расидааст”. Ӯ гуфт, ки барои 7 маротиба президенти кишвар интихоб кардан, аз мардуки кишвараш сипосгузор аст.
Ёдовар мешавем, Нурсултон Назарбоев 24 апрели соли 1990 роҳбарии Қазоқистонро ба зимма гирифта, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, президенти кишвар интихоб шуд. Муддати 29 сол ӯ роҳбарии Қазоқистонро ба зимма дошт ва соли 2010 унвони расмии “Елбаси” (Пешвои миллат)-ро ба худ гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.