Нурсултон Назарбоев, 19 март, зимни муроҷиати телевизионии худ ба мардуми кишвараш эълон кард, ки аз мансаби президенти Қазоқистон истеъфо медиҳад. То интихоботи навбатӣ раиси Сенати ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев роҳбарии давлатро ба зимма мегирад.
“Ҳамчун асосгузори давлати мустақили Қазоқистон ба қудрат расидани насли нави роҳбаронро вазифаи ояндаи худ меҳисобам”,-гуфт Назарбоев.
Истеъфои Назарбоев барои бисёриҳо ҳодисаи ғайриинтизор буд. Дар бораи пайомади ин истеъфо андешаи коршиносонро пурсон шудем.
“Интиқоли осоиштаи қудрат”
Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки Нурсултон Назарбоев “интиқоли муташаккили қудратро ба таври техникӣ иҷро кард”.
Нурсултон Назарбоев ба истеъфо рафт
“Қабули чунин қарор тарҳрезишуда буд ва интизор мерафт, аммо ҳангома барангехт”,-иброз намуд сиёсатшинос.
Ба андешаи ӯ, барои минтақаи пасошӯравӣ шеваи интиқоли қудрат ба насли ҷавон дар Қазоқистон метавонанд намуна бошад.
Сиёсатшиноси дигари тоҷик Абдуғанӣ Маҳмадазимов зикр мекунад, ки то истеъфои Назарбоев минтақа бо роҳбароне шинохта мешуд, ки қудратро мустаҳкам нигоҳ медоштанд ва танҳо зери фишору эътирозҳои мардум ё бо сабаби марг аз қудрат канор мерафтанд.
“Истеъфои Назарбоев нишон дод, ки роҳбарони минтақа метавонанд бо роҳи осоишта тарки қудрат кунанд ва роҳро барои насли нави роҳбарон боз намоянд”,-мегӯяд Маҳмадазимов.
Назарбоев гӯё рафт, аммо боз ҳам боқӣ монд
Нурсултон Назарбоев пас аз эълони истеъфояш зикр намуд, ки ҳамчунон дар мақоми раиси якумраи Шӯрои амнияти Қазоқистон ва раҳбари ҳизби “Нур Отан” хоҳад монд. Мақоми Шӯрои амният дар Қазоқистон дорои салоҳиятҳои зиёд аст. Аз ҷумла, он ҳамоҳангкунандаи фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигари ба амнияти миллӣ, мавқеи байналмилалии кишвар рабтдошта мебошад.
“Яъне бо шумо боқӣ хоҳам монд,-хулоса кард Назарбоев. – Мушкили давлат ва мардум мушкили ман аст”.
Олим Салимзода, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз эълони истеъфо Нурсултон Назарбоев аз сиёсат канор нахоҳад рафт.
“Ӯ расман пешвои миллат, роҳбари Шӯрои амният, раиси ҳизби ҳокими “Нур отан” боқӣ мемонад ва нақши ӯ пас аз истеъфо ҳам муассир хоҳад буд”,-зикр кард Салимзода.
Ба андешаи Раҳматулло Зойиров, роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон муддати 10 сол Назарбоев барои истеъфо додан омодагӣ медид, аммо дар 4 соли охир ба таври ҷиддӣ ба ин самт қадам ниҳод.
“Вақте ӯ қисме аз салоҳиятҳои президентро ба мақомоти иҷроия, ҳукумат, мақомоти қонунгузор ва Шӯрои амният интиқол дод, маълум буд, ки ӯ дар муддати наздик ба истеъфо меравад ва вазифаи президентро канор мегузорад. Бисёре аз салоҳиятҳои президент ба Шӯрои амният вогузор гардид, ки онро бевосита худи ӯ роҳбарӣ мекунад”,-мегӯяд Зойиров.
“Ин масъулияти ӯро коҳиш медиҳад. Назарбоев акнун бештар масъулияти дастаҷамъона дорад. Ӯ метавонад дар дилхоҳ муҳлат аз роҳбарии Шӯрои амният ва ҳизби “Нур отан” канор равад”,-иброз менамояд коршинос.
Таҳлилгарон ҳамчунин зикр мекунанд, ки истеъфои Назарбоев метавонад ҳамчун намунаи интиқоли осоиштаи қудрат дар минтақа муаррифӣ гардад.
Ба андешаи Маҳмадазимов, Нурсултон Назарбоев бо ҳифзи чанде аз мақомҳои калидӣ ва ҳамчун пешвои воқеӣ, мехоҳад кафили интиқоли осоиштаи қудрат ба насли нави роҳбарон бошад.
“Дар минтақаи мо раванди нави интиқоли осоиштаи қудрат оғоз гардид, ки метавонанд тамоми минтақаро фаро гирад”,-мегӯяд Абдуғанӣ Маҳмадазимов.
Истеъфои Назарбоев ба минтақа чӣ таъсир метавонад гузорад?
Ба қавли Раҳматулло Зойиров, таъсири истеъфои Назарбоев ба минтақа, аз сиёсати минбаъдаи Қазоқистон вобаста аст, ки он рӯ ба ҷониба Амрико хоҳад буд ё ба самти Русия.
Имкони раҳбарии якумрии Нурсултон Назарбоев ба Шӯрои амнияти миллии Қазоқистон
Парвиз Муллоҷонов ба ин андеша аст, ки пас аз расман ба мансаб нишастани иҷрокунандаи вазифаи президент дар Қазоқистон, ӯ метавонад иқдомҳои ҷиддиро рӯйи даст гирад.
“Дар ин шароит ҳам ӯ наметавонад фаъолияти мустақил дошта бошад, чун Назарбоев аз сиёсат пурра намеравад”,-зикр мекунад ҳамсуҳбати мо.
Ба ояндаи Қазоқистон таваҷҷуҳ карда, коршиносон таъкид мекунанд, ки тими Назарбоев нақшаи мушаххаси фаъолияти минбаъдаро доранд ва ҳатто номи ҷойгузини ӯ низ маълум аст. Аммо ҳоло касе дар ин маврид дақиқ чизе гуфта наметавонад.
“Шояд ин спикери парлумони кунунӣ Қосимҷомарт Тоқаев бошад. Аммо Назарбоев то соли 2020 метавонад ҳамаро дар ғафлат гузорад”,-гуфт Парвиз Муллоҷонов.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.