Раиси Сенат ва духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Дариға Назарбоева номзадиашро дар интихоботи президентии 9 июни соли 2019 пешниҳод карданӣ нест. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора расонаҳо бо истинод ба ёвари ӯ Сауле Мустафоева хабар додаанд.
"Дариға Назарбоева номзадиашро ба мақоми президентии Қазоқистон пешниҳод карданӣ нест", – гуфтааст Мустафоева дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори Tengrinews.kz.
Гуфта мешавад, президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 9 апрел дар паёмаш ба сокинони ин кишвар эълом кард, ки интихоботи навбатии президентӣ 9 июни соли равон баргузор хоҳад шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки духтари калонии президенти пешини Қазоқистон дар ҳоли ҳозир раиси Сенат аст, ки дувумин мақоми сиёсӣ дар ин кишвар шумурда мешавад. Номзадии Назарбоеваро ба ин мақом Тоқаев пешниҳод карда буд. Тоқаев пас аз истеъфои Назарбоев президенти муваққати Қазоқистон шуд.