Дар ин бора вазири муносибатҳои меҳнативу шуғли аҳолии Ӯзбекистон Шерзод Кудбиев рӯзи 18 июн дар як нишасти хабарӣ иттилоъ додааст.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пештар ӯзбекистониҳо аз президент Шавкат Мирзиёев хостанд, ҷасади муҳоҷирон ба ватан ройгон интиқол дода шавад.
"Ман дастур додам, ки расмиёти интиқоли ҷасади шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба ватан осон кунанд. Пештар аз наздикони фавтидаҳо нусхаи патент, пардохтҳои андозро талаб мекардем, ки ҳоло ин қоида бекор карда шуд ва давлат ҳамаи харҷи интиқоли ҷасадҳоро ба кишвар бар зимма мегирад", – иқтибос овардаанд расонаҳо аз суханони Кудбиев.
Ба гуфтаи Шерзод Кудбиев, ниҳоди зери раҳбарии ӯ ҳамчунин омодааст, ӯзбекистониҳоеро ба ватан биорад, ки дар марказҳои нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доранд.