spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фурӯши 8 ҳавопаймои “Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ” барои пардохти қарз

Ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" баъди он ки аз пардохти қарзҳои рӯзафзунаш оҷиз монд, тасмим гирифтааст, 8 ҳавопаймоашро фурӯшад.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, ба иттилои як манбаи огоҳ, ширкат моҳи оянда аз ҷумла ду ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner-ро ба фурӯш мегузорад, ки 250 миллион долларӣ харида шуда буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ширкати “Тоҷик Эйр” парвозҳояшро дубора аз сар гирифт

Ба бовари чанде аз мансабдорон, "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" аз ибтидо фаъолияти тиҷориашро хилофи қоидаҳои бозор ба роҳ монд ва аз ҳамин ҳисоб қарздор шуд.

"Ҳамакнун ширкат 2 ҳавопаймои Boeing 767, ду Boeing 757, ду адад Boeing 767, ки аз ҳавопаймои боркаш ба мусофиркаш табдил шудаанд ва ду Boeing 787-8 Dreamliners-ро барои фурӯш интихоб кардааст", – гуфтааст манбаъ.

Коршиносон мегӯянд, тасмими фурӯши ҳавопаймоҳо ба он маъност, ки ҳам ҳукумат ва ширкат ба натиҷа расиданд, ки бо мусофиркашонӣ наметавонанд, қарзҳои ҷамъшударо пардохт кунанд.

"Дар ҳоли ҳозир то 84% билетҳои ширкат ба фурӯш мераванд. Ин яке аз баландтарин нишондод дар сатҳи ҷаҳон аст. Аммо сарфи назар аз ин, ширкат наметавонад қарзҳояшро пардохт кунад. Воқеан, ки ҳазён аст", – гуфт манбаъ.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ифтитоҳи намояндагии расмии «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» дар Душанбе

Афроди огоҳ мегӯянд, барои харидани ҳавопаймоҳои ширкат аз буҷаи давлат маблағи калон ҷудо шуд. Пушти ин қазия ҳатман фасодкорие сурат гирифтааст.

Ширкати "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" давлатӣ буда, вазъи молиаш аз ҷомеа пинҳон нигаҳ дошта мешавад. Ба иттилои огаҳон, даромади солонаи ширкат наздики 800 миллион долларро ташкил медиҳад.

Давлат расман ҳаҷми қарздории ширкатро шарҳ намедиҳад, вале манобеъ мегӯянд, ин қарз аз 2 то 3 миллиард долларро дар бар мегирад.

Ба иттилои сомонаи Flightradar24, "Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ" дар ҳоли ҳозир 37 ҳавопаймо дар ихтиёр дорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...