Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Амалиёти боздошти Алмосбек Отамбоев барор нагирифт - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Амалиёти боздошти Алмосбек Отамбоев барор нагирифт

7
7

Дар натиҷаи амалиёти неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон барои боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев як сарбоз ҷон бохтааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, табибон сарбозро барои ҷарроҳӣ даровардаанд, вале натавонистанд наҷот диҳанд.

Гуфта мешавад, то соати 00.55-и 8 август 36 кас ба беморхона интиқол дода шудааст, ки 15 танашон қудратиҳоянд. Сардори пулиси вилояти Чуй Самад Курманкулов, ки дар деҳаи Кой-Тош қарор дошт, аз ноҳияи сараш сахт осеб дидааст. Сухангӯи Вазорати тандурустии Қирғизистон Жилдиз Айгерчинова гуфт, сардори шуъбаи пулисро ҷарроҳӣ карданд. Ӯ дар натиҷаи сангпартоии ҷонибдорони Отамбоев захмӣ шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳамчунин ҳуқуқшиноси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Нурбек Қосимбеков, вакили пешини порлумон Мээрбек Мискенбоев ва раҳбари пешини ҳизб Абдил Сегизбоев захмӣ шудаанд. Дар миёни осебдидаҳо як афсари нируҳои махсус низ ҳаст, ки аз тири силоҳ ҷароҳат бардоштааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Вохӯрии собиқ президенти Қирғизистон бо Путин дар Маскав

Дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки сарбозони неруҳои махсуси ин ниҳод "аз тири резинӣ истифода мекунанд".

Вакили порлумони Қирғизистон Асел Кодуранова гуфт, худи Алмосбек Отамбоев дар манзили зисташ дар деҳаи Кой-Тош қарор дорад. Садҳо ҷонибдори ӯ манзили зисташро иҳота кардаанд.

Телевизиони "Апрел" муроҷиати видеоии Отамбоевро намоиш дод, ки амалиёти боздошташро ғайриконститутсионӣ ва ғайриқонунӣ номид. "Ман чанд бор пешниҳод кардам, ки хаттӣ баёнот диҳам. Намояндаи ман Сергей Слесарев дирӯз дар Вазорати умури дохилӣ буд ва пешниҳод кард, ки посухҳои маро хаттӣ пешниҳод кунад. Ман омодаам, дар робита ба ҳамаи масоил суҳбат кунам, зеро ҳеч гуна фасодкорие набуд. Инро худи президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков медонад", – афзуд ӯ.

"Бори дигар аз мақомот даъват мекунам, ки фикр кунанд ва қудратиҳоро бигӯянд, ки мардуми худро напаронанд", – гуфт Отамбоев.

МЕДИА (YOUTUBE)

Амалиёти боздошти Отамбоев бегоҳи 7 август дар деҳаи Кой-Тош оғоз шуд ва вазъ муташанниҷ буда, садои тир шунида мешуд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шарҳи ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев аз ҷониби собиқ президенти Қирғизистон

​Алмосбек Отамбоев моҳҳои охир се дафъа барои бозпурсӣ ба Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон даъват шуд, вале нарафт. Вакили мудофеи президенти собиқ даъват ба бозпурсии ӯро ғайриқонунӣ номид ва пешниҳод кард, ки нафари зери ҳимояташ ба суоли хаттии муфаттишон хаттӣ ҷавоб гӯяд. Ин пешниҳоди ӯ қабул нашуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми июни имсол Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин ва ҳамин тавр масуняит маҳрум кард.

Алмосбек Отамбоевро ба ғайриқонунӣ озод кардани "дузди қонунӣ" Азиз Батукаев гумонбар медонанд. Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин дар деҳаи Кой-Тош, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони порлумон, додрасҳо, фаъолони маданиву расонаҳо, муттаҳам аст. Вале худи ӯ гуфтааст, ҳеҷ як иттиҳомро қабул надорад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...