Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков имрӯз, 17 сентябр бо иштироки роҳбари Дастгоҳи президент Досалӣ Эсеналиев, котиби Шӯрои амният Дамир Сагинбоев, вазири корҳои хориҷӣ Чингиз Айдарбеков ва мудри шуъбаи сиёсати хориҷии Дастгоҳи президент Дониёр Содиқов доир ба вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон машварат баргузор кард.
Сарвари давлати ҳамсоя гуфтааст, ки аз замони пайдо шудани муноқиша дар қитъаи сарҳад дар вилояти Ботканд маълумоти фаврӣ пурра ба ӯ мерасидааст. Дар ин бора АКИпресс хабар медиҳад.
Иштирокдорони машварат дар бораи гуфтушунидҳои қаблан доиршуда бо намояндагони мақомоти марбутаи Тоҷикистон маълумот доданд.
Бори дигар қайд шудааст, ки силоҳи оташфишон аввал аз ҷониби Тоҷикистон истифода гардидааст.
Сооронбой Жээнбеков зарурати минбаъд роҳ надодан ба шиддатёбии вазъ, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолии маҳаллӣ таъкд доштааст. Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар сурати зарурат маҷруҳонро ба бемористонҳои Бишкек меоранд.
Президент ба наздикону пайвандони сарбози гурӯҳи таъиноти махсуси “Бору”-и Хадамоти давлатии сарҳадбонии Қирғизистон Равшан Муминов, ки зимни адои хизмат ҳалок шуд, изҳори ҳамдардӣ кард.
Сооронбай Жээнбеков таъкид доштааст, ки ба эътидол овардани вазъ бояд қатъиян дар доираи ҳуқуқи байнулмилалӣ ва созишҳои қаблан ҳосилшуда сурат пазирад, ки ин нукта чандин маротиба зимни гуфтушунидҳо бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида буд.
Дар ҳамин ҳол, тавре 24.kg хабар медиҳад, наздики 20 нафар дар Бишкек назди гулгашти бинои Жогорку Кенеш ба намоиши эътирозӣ баромадаанд.
Ба ин тариқ онҳо тасмим гирифтаанд, ки вобаста ба вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон изҳори норизоӣ кунанд.
“Кормандони милитсия ғайриқонунӣ будани ин намоишро фаҳмонданӣ шудаанд, зеро саркардагони тазоҳурот бояд пешакӣ шаҳрдории пойтахтро дар ин бора огоҳ мекарданд. Байни гирдиҳамомадагон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муноқишаи лафзӣ сурат гирифта, кормандони милитсия чанд нафарро боздошт карданд”, – иттилоъ додааст хабаргузорӣ.
Ёдрас мекунем, ки шоми 16-уми сентябр бар асари низои мусаллаҳона бо сарҳадбонони қирғиз се хизматчии ҳарбии Тоҷикистон ҳалок шуданд.
Айи замон, тибқи маълумоти ҳар ду ҷониб, вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон нисбатан муътадил аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.