Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов рӯзи 14-уми декабр дар толори тамрини шаҳраки олимпӣ дар Ашқобод бо роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар машқ гузаронид. Дар ин бора Tengrinews.kz хабар медиҳад.
Дар машқ вазири амнияти миллӣ, вазири корҳои дохилӣ, прокурори генералӣ, сардори Хадамоти гумрук ва дигар мансабдорон ҳузур доштанд.
“Ҳадафи асосии мо ҳифз ва таҳкими солимии мардум, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа мебошад”, – таъкид доштааст сарвари давлати Туркманистон.
Ӯ қайд кардааст, ки ба рушди тарбияи ҷисмонии оммавию варзиш ва ҳаракати олимпӣ сармоягузории зиёд сурат мепазирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.