Аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 12,93 млн. нафар аз Ӯзбекистон ба кишварҳои хориҷа сафар кардаанд, ки нисбат ба соли пешин (2018) 6,5% камтар аст.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, қисмати зиёди шаҳрвандони ба кишварҳои ҳамсоя сафаркарда ба Қазоқистон – 42,4% (5480,6 ҳазор нафар), инчунин ба Қирғизистон – 29,9% (3871,0 ҳазор нафар), Тоҷикистон – 11,7% (1510,0 ҳазор нафар) ва Русия – 10,2% (1323,9 ҳазор нафар) рост меояд.
Тавре хабаргузории Podrobno.uz иттилоъ медиҳад, 6,7 млн. нафар сайёҳон соли 2019 аз кишвари ҳамсоя боздид кардааанд. Зиёда аз 80%-и онҳо ба меҳмонӣ назди хешону дӯстон ва танҳо 15,5% барои истироҳат омадаанд.
Аз ҳама бештар шаҳрвандони Қазоқистон – 2456,8 нафар (29,7% аз шумори умумӣ), Тоҷикистон – 2389,5 нафар (28,9%), Қирғизистон – 1533,7 нафар (18,5%), Русия – 592,4 нафар (7,2%), Туркманистон – 629,6 нафар (7,6%) сафари Ӯзбекистонро ихтиёр кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.