Мақомоти шаҳри Алмаатои Қазоқистон ба ҳамаи хоҳишмандон 72 соат муҳлат доданд, ки шаҳрро тарк кунанд ё аз берун ба он баргарданд.
Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳад, муовини ҳокими шаҳри Алмаато Ерлан Кожагапанов гуфтааст, сар аз соати 00:00 дақиқаи рӯзи 22 март Алмаато равуои ҳавоӣ ва роҳи оҳанро комилан қатъ мекунад,
Гуфта мешавад, айни ҳол маҳдудшавии парвозҳои байналхалқӣ дар назар нест. "Аммо дар оянда парвозҳои байналхалқиро ҳам маҳдуд мекунем. Бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтугӯ идома дорад", – гуфтааст Кожагапанов.
Зикр мегардад, ки дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултони Қазоқистон аз имшаб карантин ҷорӣ шуд. Гардиши нақлиёт ва одамон дар дохили шаҳр маҳдуд намешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар гардиш аст. Аммо фаъолияти марказҳои тиҷориву дилхушӣ, бозорҳои масолеҳи сохтмониву молу матоъ қатъ мешавад. Нуқтаҳои ғизои умумӣ ва тарабхонаҳо метавонанд, ғизоро ба манзили сокинон расонанд.
Мақомоти Алмаато ба сокинон тавсия доданд, ки "аз манзил берун нараванд". Бино ба иттилои охир, дар Қазоқистон 36 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона – 18 ҳолат дар Алмато ва 18 ҳолат дар Нурсултон сабт шудааст.
Мақомоти Қазоқистон аз 16 март то 15 апрел, бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии вируси корона, дар саросари кишвар ҳолати изтирорӣ эълом карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.