Дар вилояти Ботканди Қирғизистон мошинҳои боркаш бо қочоқи хушкмева боздошт гардиданд, ки барои ба Тоҷикистон фиристодан пешбинӣ шуда буданд. Дар РКД вилояти Ботканд ин маълумотро ба хабаргузории Turhmus тасдиқ кардаанд.
Тибқи маълумоти Раёсати умури дохилии вилоят, дар қаламрави минтақа дар доираи корҳои ҷараёндошта оид ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар деҳоти наздисарҳадӣ кормандони милитсия ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаштаанд. Сокинони маҳаллаҳои аҳолинишинро ба риояи меъёрҳои санитарӣ ва аз хонаҳо берун набаромадан бидуни зарурат даъват мекунанд.
“Маълумот дастрас шуд, ки сокини ноҳияи Ботканд муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил кардааст. Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷуӣ кормандони РКД дар қитъаи Қоқо-Сойи ҳавзаи деҳоти Қара-Баки ноҳияи Ботканд анбори пинҳониро ошкор карданд. Қаламрави анбор панҷарабандӣ ва барои бор кардани маҳсулоти қочоқ таъин шуда буд. Дар он ҷо сокини 33-солаи маҳаллӣ бо ду шаҳрванди Тоҷикистон ба 4 мошини боркаш (фура) хушкмева бор мекарданд. Зимни санҷиш маълум шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳадро ғайриқонунӣ гузаштаанд”, – иттилоъ медиҳад Turmush.
Дастгиршудагон ба карантин бурда шуда, ташхис ба коронавируси онҳо натиҷаи манфӣ нишон додааст. Сипас бо қарори суди ноҳияи Ботканд онҳо ба муҳлати 1 моҳ ба ҳабс гирифта шудаанд.
Ғайр аз ин, рӯзи 5-уми май кормандони ШКД ноҳияи Қадамҷой дар постгоҳи санитариву карантинии қитъаи роҳи Ош-Исфана 5 мошини боркаш (фура) – се “ДАФ” ва ду “Волво”-ро боздошт кардаанд. Ҳангоми санҷиши ронандагон ба сирояти коронавирус маълум шудааст, ки ба ин мошинҳо низ маҳсулоти қочоқ бор карда шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.