spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ҳукми 12 соли зиндон ба сардори пешини пажӯҳишгоҳи назди президенти Ӯзбекистон

Додгоҳи низомии Ӯзбекистон 25 май сардори пешини Институти пажӯҳишҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти ин кишвар Рафиқ Сайфулини 61-соларо бо ҷурми "хиёнат ба давлат" 12 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин бора ҳуқуқшиносе аз шаҳри Тошканд хабар додааст, ки дар мурофиаҳои пушти дарҳои бастаи Сайфулин бевосита иштирок дошт.

Ҳукми додгоҳ 25 май дар мурофиаи пӯшида эълом шуда, Сайфулин қисман гуноҳро ба гардан гирифтааст. "Ӯ эътироф кард, ки хулосаҳои таҳлилиро ба нафъи Русия додааст, вале ба касе маълумот ё санади махфиро ифшо накардааст", – афзудааст ҳуқуқшинос.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Парвандаи Гулнора Каримова ба суд фиристода шуд

Гуфта мешавад, як мақоми баландпояи мақомоти умури дохилии Ӯзбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, додгоҳ Сайфулинро дар "ҷосусӣ ба нафъи Русия" ва ифшои сирри давлатӣ" айбдор донист.

Сайфулин, ки фаъолияти кориро дар Кумитаи амният оғоз кардааст, дар гузашта дар Кумитаи давлатии пешгӯӣ ва омори Девони вазирони Ӯзбекистон кор кардааст. Ба гуфтаи манобеъ, ӯ яке аз шахсони наздики раиси пешини Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон Рустам Иноятов аст. Сайфулин дар таҳлилҳои худ борҳо қайд карда, ки Ӯзбекистон бояд аз ИМА, Иттиҳоди Аврупо дур ва ба Русия наздик шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...