Тибқи маълумоти сафорати Ӯзбекистон дар ИМА, ба Тошканд 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) фиристода шудааст, ки арзиши умумии онҳо наздики 2,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои хабаргузории “Дунё”, дастгоҳҳо дар доираи кумаки башардӯстона дода мешаванд, ки моҳи июн аз ҷониби дастгоҳи президент Доналд Трамп эълон шуда буд. Таҷҳизоти тиббӣ дар корхонаи амрикоии «Zoll Medical Corporation» истеҳсол шудааст, ки дар таҳияву коркарди технология ва таъминоти барномавии таъиноти тиббӣ таҷрибаи 40-солаи корӣ дорад.
Дастгоҳҳои интиқолёфта тибқи фармоиши махсус бо назардошти зерсохтори техникии зербинои муассисаҳои низоми тиббии Ӯзбекистон истеҳсол гардида, зимни муолиҷа дар беморхона ва ҳамчунин ҳангоми интиқоли бемор бо воситаи нақлиёт истифода мешаванд.
Дастгоҳҳои зикршуда ба истифодаи тарзу усули гуногуни нафасдиҳии сунъӣ ба шушҳо ва солим нигоҳ доштани ҷисм имкон дода, барои кӯдакони хурдсол ва калонсолон пешбинӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, дастгоҳҳои аз ҷониби ИМА пешниҳодшударо Вазорати тандурустии Ӯзбекистон байни 62 муассисаҳои тиббӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар тақсим мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.