spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Жээнбеков истеъфо дод: “Хун намерезам”

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод. Ӯ дар як муроҷиатнома ба мардуми Қирғизистон, ки чанд лаҳза пештар нашр шуд, гуфт бар асари ташдиди вазъи сиёсии кишвар истеъфо мекунад.

Матни расмии истеъфои Жээнбековро дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии ин кишвар паҳн кардааст. Дар он гуфта мешавад: 

"Ҳамватанони азиз!

Вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ дар пойтахти кишвари мо Бишкек шадид боқӣ мемонад.

Дирӯз Жогорку Кенеш (Маҷлиси намояндагон) ҳайати ҳукуматро таъйид кард, ман фармони президентро дар бораи ин таъинот содир кардам. Вале ин вазъро сабук накард. Мутаассифона, таҳоҷум ҳамчунон идома дорад, талаби истеъфои сареи ман давом дорад.

Вазъи ҳозир наздик ба низоъи дуҷониба аст. Аз як сӯй – эътирозгарон, аз сӯйи дигар – мақомоти қудратӣ. Низомиён ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззафанд, ки барои ҳимояи қароргоҳи президент аз силоҳ истифода бибаранд. Дар ин сурат хунрезӣ мешавад. Ман ҳамаи тарафҳоро даъват мекунам, ки ба иғвоҳо дода нашаванд.

Ҳамватанони азизи ман!

Барои ман сулҳ дар Қирғизистон, тамомияти кишвар, ваҳдати мардум ва оромӣ дар ҷомеа болотар аз ҳама чиз аст. Барои ман чизе арзишмандтар аз ҷони як ҳамватанам нест. Ман барои ҳифзи қудратам талош намекунам. Намехоҳам дар таърихи Қирғизистон раисҷумҳуре бошам, ки хун резонд ва ба сӯйи шаҳрвандони худаш тир андохт.Аз ин рӯ, тасмим гирифтам истеъфо кунам.

Аз Жапаров ва сиёсатмадорони дигар даъват мекунам, ки ҷонибдоронашонро аз пойтахти кишвар берун бикашанд ва зиндагии оромии бишкекиёнро баргардонанд. Ҳеҷ ҳукумате болотар аз тамомияти кишвари мо ва ризоят дар ҷомеа нест. Худованд ҳамаи моро нигаҳбон бошад, бигзор сулҳу оромӣ дар хоки мо ҳукмфармо бошад!"

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...