Як рӯз баъди боздошту ба ҳабси хонагӣ гирифта шудани собиқ мақомдори Кумитаи гумрук, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Жапаров ба собиқ мақомдороне, ки аз роҳи коррупсия сарватманд шудаанд, “афви иқтисодӣ” ваъда дод.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси изҳороти рӯзи 21-уми октябри Жапаров, афв ба ҳама собиқ мақомдорон марбут мешавад, ки дар соҳаҳои “барқ, гумрук, андоз, дорусозӣ, литсензиядиҳӣ ва канданиҳои фоиданок” кор кардаанд.
Гуфта мешавад, Жапаров ба чунин мақомдорони аз роҳи коррупсия сарватмандшуда 30 рӯз мӯҳлат додааст, ки пулҳоро баргардонанд, то ки мавриди афви маъмурӣ ва иқтисодӣ қарор бигиранд.
Зикр мегардад, ки ин таҳаввулот як рӯз баъди он аст, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, Матраимов, шарики президенти собиқ Сооронбой Жээнбеков дар чаҳорчӯби тафтиши парвандаи коррупсионӣ боздошт ва баъдан ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.