spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Алмосбек Отамбоев аз боздоштгоҳ ба зиндон интиқол шуд

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро, ки 11 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, ба зиндони рақами №47 интиқол доданд. Ӯ то ҳол дар яке аз боздоштгоҳҳои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба вакили дифои ӯ Замира Жоошева, Отамбоев дар боздоштгоҳ гуруснашинӣ эълом кард. Ба гуфтаи вай, президенти пешинро дар таҳхонаи боздоштгоҳ – ҷое ки пештар маҳкумони ба қатлро нигаҳ медоштанд – нигаҳдорӣ мекунанд. Вакили мудофеъ гуфта буд, он макон шароити бад дорад ва сиҳатии Отамбоев нохуб шудааст.

Вале Хадамоти иҷрои ҷазои ҷиноии Қирғизистон гуфт, ки Отамбоев дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба боздоштгоҳ интиқол ёфтааст ва шароити макони нигаҳдории президенти пешин мувофиқ ба талабот аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Президенти Қирғизистон ба истеъфо рафт: Кӣ ба ҷояш меояд?

Рӯзҳои 7-8 августи соли гузашта дар деҳаи Кой-Тош "амалиёти иҷборан эҳзор кардани президенти пешини Қирғизистон ба бозпурсӣ" баргузор шуда, дар натиҷаи задухӯрди нерӯҳои пулис бо ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон даҳҳо кас осеб диданд. Аз ҷумла, як афсари Кумитаи амнияти ин кишвар ҷон бохт.

Отамбоев дар солҳои 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Моҳи июли соли ҷорӣ ӯро бо айби фасодкорӣ 11 сол зиндонӣ карданд. Шаби 6 октябр дар натиҷаи эътирозҳои оммавӣ Отамбоев аз маҳбаси кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод шуд. Баъди чанд рӯз ӯро дубора боздошт карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...