spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Интихоботи президенти Қирғизистон поён ёфт: Ҷабборов пирӯз шуд

Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон шоми 10-уми январ поён ёфт. Кумисюни марказии интихобот гуфт, 95 дарсади овозҳоро шумурданд ва, бино бар он, Содир Ҷабборови 52-сола, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз сӯйи эътирозгарон аз зиндон озод гардид, бо беш аз 79 дарсад раъй пирӯз шудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, номзадҳои дигар аз ним дарсад то тақрибан ҳафт дарсад овоз гирифтаанд ва баъзе аз онҳо бо натиҷаҳо розӣ нестанд. Адахон Мадумаров, ки тақрибан 7 дарсад овоз гирифтааст, натиҷаҳои пешакии интихоботро "дур аз воқеият" донист ва гуфт, қасд дорад бо номзадҳои дигар қадамҳои баъдиро баррасӣ кунад.

"700 ҳазор овоз ба ҷонибдорӣ аз як нафар боварнокарданист. Ман барои ҳимоят аз ҳаққи худ тазоҳурот намекунам, танҳо бо роҳҳои қонунӣ барои адолат кӯшиш мекунам", — афзуд ӯ.

Абдил Сегизбоев, яке дигар аз номзадҳо ба мансаби президенти Қирғизистон, ки ба иттилои Кумисюни марказии интихобот 1,5 дарсад овоз гирифтааст, гуфт, барои номзадҳо шароити баробар фароҳам набуд.

Вай шоми 10-уми январ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, "маъракаи пешазинтихоботӣ як моҳ идома кард ва як тараф тамоми манбаъҳоро истифода кард. Ба кормандони идораҳои давлатӣ фишор оварданд. Ин як. Дувум, атрофиёни Сооронбой Ҷеенбеков дар як рӯз раҳбарони пешини худро "фурӯхта", ба нирӯе, ки баъди 5-уми октябр ба қудрат расид, хидмат мекунанд. Севум, кӯшиши истифода аз ҷинояткорону бандитҳо сурат гирифтааст."

Айни замон Равшан Ҷеенбеков, ки ба иттилои расмӣ 0,19 дарсад раъй гирифтааст, бовар дорад, рақамҳои эълоншуда аз сӯйи Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон воқеӣ ҳастанд. "Мо натиҷаҳоро воқеӣ қабул мекунем. Баъзе нуктаҳои шубҳаовар ҳастанд, вале дар умум, фикр мекунам, рақамҳо ҳақиқӣ ҳастанд", — гуфт ӯ ба хабарнигорон.

Дар Қирғизистон беш аз севуним миллион кас аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархӯрдоранд, вале дар интихоботи рӯзи якшанбе 1 миллиону 354 ҳазор нафар (каме беш аз 38 дарсади афроди қобили раъй) иштирок кардаанд. Мақомот гуфтанд, эҳтимол сармои шадид боис шудааст, ки мардум камтар ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ бираванд.

Дар ҳоле ки баъзе аз номзадҳо аз натиҷаҳо розӣ нестанд, масъулони Кумисюни марказии интихобот дар бораи дарёфти 60 қонуншиканӣ хабар доданд. Тими интихоботии номзад ба мансаби президент Клара Соорунқулова гуфт, аз Уш дар бораи "харидани овозҳо" иттилоъ гирифтанд, вале маълум нест ин корро тарафдорони кадоме аз довталабон кардаанд.

Гулгааки Мамасолиева, узви тими интихоботии Сооронқулова, гуфт, "иттилоъ гирифтем, ки баъзе аз одамон дар дохили мошинҳо пули нақд додаанд. Сокинони маҳаллӣ шикоят карданд, ки баъзе аз одамон ба онҳо фишор овардаанд. Вақте ба қитъаи интихоботӣ рафтем, онҳо гурехтанд."

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қирғизистон баъд аз он баргузор шуд, ки натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4-уми октябри соли 2020 боис ба беназмиҳо шуд ва мақомот зери фишори эътирозгарон натиҷаҳои онро бекор карданд.

Норозиён ҳукуматро барои харидани овозҳо ба тарафдорӣ аз ҳизбҳои наздик ба раиси ҷумҳури вақт Сооронбой Ҷеенбеков муттаҳам карданд. Баъдан Ҷеенбеков ба истеъфо рафт.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расид.

Рӯзи якшанбе дар Қирғизистон назарпурсӣ дар мавриди сохтори идораи ҳукумат низ баргузор шуд. Дар ин маърака 1 миллиону 321 ҳазор кас иштирок карданд. Ба иттилои расмӣ, беш аз 80 дарсади онҳо барои гузаштан ба идораи президентӣ ва тақрибан ёздаҳ дарсад барои ҳифзи низоми порлумонӣ раъй додаанд. Ҳоло дар Қирғизистон низоми порлумонӣ ҷорӣ аст.

Содир Ҷабборов рӯзи якшанбе ҳангоми раъйдиҳӣ гуфт, агар сокинон гузаштан ба низоми идораи президентиро дастгирӣ кунанд, Шӯрои ислоҳи Қонуни асосӣ барои таҳияи тарҳи нав рӯзи 11-уми январ дастбакор хоҳад шуд. Мунтақидон, аз ҷумла созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯянд, порлумони муваққатии Қирғизистон барои ворид кардани ислоҳ ба Қонуни асосӣ ҳақ надорад, чун масъулияташ ба поён расидааст. Ҳоло маълум нест, ки интихоботи нави порлумонӣ кай баргузор мегардад.

Ҷабборов ва ҳамандешонаш ҷонибдори тақвият додани нақши президент ҳастанд. Низоме, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ солҳо боз таҷриба мешавад ва ҳомиёни ҳуқуқ аз такрори он дар Қирғизистон нигаронанд. Бакит Бешимов, профессори Донишгоҳи Бостон мегӯяд, "ӯ (Содир Ҷабборов) барои ба ҳадди аксар расондани қудрати худ як давлати авторитарии муосир хоҳад сохт."

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...