spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Фарғона: боздошти чанд шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тоҷиконро таҳдиди куштан карданд

Дар Ӯзбекистон ду шаҳрванд боздошт шудаанд, ки бо зӯриву таҳдиди куштан аз шаҳрвандони Тоҷикистон пул гирифтанӣ хостаанд.

“Рӯзи 2 апрел соати 17:00 Муҳаммад Х.-и 30-сола ва Ҷаҳонгир У.-и 36-сола шаҳрвандони Тоҷикистон – Ҷамшедҷони 33-сола ва Валӣ М.-и 37-соларо ба макони беодам воқеъ дар деҳаи Кирки ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона бурда, бо лату кӯб ва таҳдиди куштан аз онҳо баргардонидани қарзашонро аз шиноси онҳо Мақсудҷони 26-сола талаб кардаанд”, – хабар медиҳад департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон.

Дар маълумот зикр мегардад, ки дар ҷараёни санҷиши то тафтишот маълум шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз сокини ноҳияи зикршуда Мақсудҷон А. ба маблағи умумии 7 ҳазору 200 доллар маҳсулоти нассоҷӣ харида, лекин то ҳол пули маҳсулоти харидаашонро пардохт накардаанд.

Мақсудҷон А. дар ин бора ба шиносҳояш хабар дода, аз онҳо дархост мекунад, ки бо харидорони хориҷӣ гуфтугӯ карда, онҳоро тарсонанд, то ки пулро пардохт кунанд.

Аз рӯйи ин далел нисбат ба Муҳаммад Х. Ва Ҷаҳонгир У. дар шуъбаи тафтишоти назди ВКД ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона мутобиқи моддаи 112, қ.1-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон (Таҳдиди куштан ё бо истифодаи зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо боздошт шуданд.

Айни замон ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифта, дар ҷараёни тафтишот ба амали ҳар кадоме аз иштирокчии он баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад, хабар медиҳад департаменти тафтишоти назди ВКД Ӯзбекистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...