Дар тамоми мактабу муассисаҳои томактабии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба муҳлати 14 рӯз дубора карантин ҷорӣ карданд, хабар медиҳад Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ.
Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Самарқанд, карантин дар асоси Комиссияи изтирории эпидемиологӣ эълом шудааст.
Сабаби эъломи дубораи карантин дар муассисаҳои таълимӣ "афзоиши шумори мубталоёни коронавирус дар рӯзҳои ахир" гуфта шудааст.
Дар қарори ҳукумати Самарқанд омада, ки ҳамаи мактабҳои миёнаву боғчаҳо аз 27 апрели имсол ба низоми омӯзиши онлайнӣ хоҳанд гузашт. Агар дар давоми карантин ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашавад, дари таълимгоҳҳо дубора боз хоҳад шуд.
Пештар хабар дода шуд, ки дар Ӯзбекистон 243 мактаб ба низоми омӯзиши онлайнӣ гузаштаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.