Ширкати YouTube ҳавасмандсозии моддиро ба муаллифони саҳифаҳои узбекзабон қатъ кард.
Сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ даромади блогерҳои узбекистонӣ аз ҳисоби саҳифаҳо дар YouTube якбора кам шуд. Ширкати YouTube тасмим гирифтааст, ки ҳавасмандсозии моддии муаллифони саҳифаҳои узбекзабонро коҳиш диҳад.
Ширкати YouTube тасмими ахирашро шарҳ намедиҳад. Аммо нашрияи интернетии Qalampir.uz менависад, ин тасмим мумкин аст, ба он рабт дошта бошад, ки YouTube дар ҳудуди Узбекистон расман фаъолият надорад.
Дар солҳои охир дар Узбекистон блогнависӣ, аз ҷумла блог ва ё саҳифаҳои видеоӣ рушд мекунад. Ҳамзамон теъдоди муаллифони саҳифаҳое меафзояд, ки барои фаъолиятҳои блогерӣ даромад ба даст меоранд. Танҳо барои дидани наворҳояшон дар YouTube бархе аз соҳибони блогҳо ҳазорҳо доллар даромад мекунанд.
Акнун блогерҳои узбекистонӣ ҳатто аз даромади таблиғот дар YouTube маҳрум шудаанд.
Дар гузашта дастрасӣ ба YouTube дар Узбекистон борҳо маҳдуд шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.