Дирӯз вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои туркманаш суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин суҳбат бо ибтикори ҷониби Туркманистон сурат гирифтааст.
"7 июни 2021 бо ташаббуси ҷониби Туркманистон суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Раиси Девони Вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид",- хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКХ.
Дар ин суҳбати телефонӣ ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баргузор шудани суҳбатҳои телефонии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар дар ҳолест, ки наздик ба ду сол мешавад, Туркманистон масири боркашонӣ ба василаи қаламрави худро барои Тоҷикистон бастааст ва ҷониби Тоҷикистон то кунун мегӯяд, ки далели инро намедонад. Ҳоло тоҷирони Тоҷикистон барои кашондани бор масирҳои дигари ғайри Туркманистонро, ки дуртар ҳастанд истӣифода мекунанд.
Аммо дар ин суҳбат сари ин мавзуъ гуфтушунид шудааст ё не, дар хабарномаи ВКХ чизе гуфта намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.