Дар давраи аввали раёсати ҷумҳурӣ, президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ислоҳотро оғоз ва мунтазам идома медиҳад, ки на танҳо ҳаёти иҷтимоию сиёсии кишварро тағйир дод, балки “симои минтақавӣ”-и тамоми Осиёи Марказиро дигаргун кард.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори “Азия-Плюс” оид ба имкони рақибони Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии Ӯзбекистон сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов чунин изҳори назар кард.
“Шиори ӯ “Ӯзбекистони нав – имконоти нав” як воситаи серталабтарини ҳавасмандсозӣ натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар саросари минтақа мебошад. Ба гумон аст, ки дар як муддати кӯтоҳ дар фазои сиёсии Ӯзбекистон чеҳраи наве бо шиори нав пайдо шавад, ки миллионҳо интихобкунандагон ӯро ҷонибдорӣ намоянд”, – иброз дошт Мамадазимов.
Ба гуфтаи ӯ, “ҳеҷ шакке нест, ки номзадҳо ба интихоботи президентӣ бо маъракаҳои пешазинтихоботии худ ва пешниҳоди ҳалли мушкилоти ҷиддӣ аз ҷониби интихобкунандагон пай бурда шуда, ҷонибдорон ҳам пайдо мекунанд”.
"Аммо раҳбари кунунии Ӯзбекистон имкониятҳои бештар дорад, зеро бо назардошти он ки ӯ аллакай мушкилоти зиёдеро ҳал мекунад", – гуфт коршинос.
Ҳамзамон, Мамадазимов бар ин назар аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ (ба истиснои Қирғизистон) тадриҷан ва бешитоб аз интихоботи беалтернативӣ (шӯравӣ) ва тақлидкорӣ (даҳсолаҳои аввали соҳибихтиёрӣ) ба интихоботи муқаррарӣ мегузаранд.
Маъракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон аз 23 июл оғоз шуд. 5 ҳизб – Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат”, Ҳизби демократии “Миллий тикланиш”, Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон, Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон ва Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба пешбарии номзадҳо ҳуқуқ доранд.
Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд.
Ба ҷуз Мирзиёев, муовини раиси Шӯрои марказии Ҳизби халқии демократии Ӯзбекистон Мақсуда Ворисова, раиси Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” Баҳром Абдуҳалимов, пешвои Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов ва раиси Ҳизби демократии “Миллий Тикланиш” (Эҳёи миллӣ) Алишер Қодиров низ номзадҳо дар маърракаи интихоботи президенти Ӯзбекистон мебошанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.