Назди сафорати ИМА дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек имрӯз, 20 август гирдиҳамойии паноҳандагон аз Афғонистон идома ёфт.
“Ба мо кумак лозим аст!”, – фарёд мезананд онҳо бо парчамҳои амрикоиву канадагӣ дар даст, хабар медиҳад АКИпресс.
Онҳо ба талаби иҷозаи рафтанашон ба ИМА, Канада ё кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, инчунин додани ҳуҷҷатҳои дахлдор идома медиҳанд.
“Мо 20 сол инҷониб дар Қирғизистон зиндагӣ мекунем, миннатпазирем. Барои мо муҳим аст, ки хоҳ Аврупову ИМА ва хоҳ Қирғизистону дигар давлатҳо бошад, мо бояд шиноснома ва ҳуҷаттҳои дахлдор дошта бошем”, – мегӯянд онҳо.
Ба ҳамин монанд гирдиҳамойи дирӯз, 19 август доир гардида буд. Баъди чанд соат ҷамъомадагон пароканда шуданд, чунки ба онҳо хабар доданд, ки барои баргузории чунин чорабинӣ иҷозаи шаҳрдории Бишкек лозим аст.
Доир ба ҷиҳати имрӯз иҷоза доштани ҷамъомадагон ба баргузории гирдиҳамойи маълумот дода намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.