Вазорати сохтмони Русия ба нақша гирифтааст, ки бо Ӯзбекистон масъалаи анҷоми расмиёти ба сохтмонҳои Русия бурдани муҳоҷиронро бо қатораҳо (поездҳо)-и чартерӣ баррасӣ намояд. Дар ин бора муовини вазири сохтмони Русия Никита Стасишин дар Форуми шарқии иқтисодӣ ба ТАСС хабар додааст.
"Ҳоло мо бо супориши Татяна Голикова рӯйи ин масъала кор карда истодаем, – иброз доштааст Стасишин. – Ҳафтаи оянда зимни сафар ба Ӯзбекистон ният дорем, ки интихоб, эмкунӣ ва ҳама чизҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатии Ӯзбекистонро дар шакли озмоишӣ ташкил кунем. Ин ба мо ҷиҳати транзити бехатар тавассути қаламрави Қазоқистон ба муташакккилона бурдани муҳоҷирони корӣ бо қатораҳо имкон медиҳад”.
Ба гуфтаи ӯ, сафарбарии муташаккилонаи озмоишии муҳоҷирон то охири сол ба нақша гирифта шудааст.
Пештар зикр гардида буд, ки Вазорати сохтмони Русия имкони воридоти муҳоҷирони меҳнатиро ба қатораҳои чартерӣ барои кор дар сохтмонҳои ин кишвар баррасӣ мекунад.
Форуми VI шарқии иқтисодӣ рӯзҳои 2-4 сентябр дар чаҳорчӯби барномаи “Имконоти нави Шарқи Дур дар ҷаҳони тағйирёбанда” баргузор мешавад.
Дар доираи кори форум инчунин як қатор чорабиниҳои дигар, аз қабили Форуми шарқии иқтисодии ҷавонон, Форуми Шарқии иқтисодии “Юниор” ва таҳти унвони “Кӯчаи Шарқи Дур” намоишгоҳ низ доир мегардад. Созмондеҳи форум Фонди Росконгресс мебошад. Хабаргузории ТАСС шарики кулли иттилоотӣ ва фотохост-агентии чорабинӣ аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.