spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ӯзбекистон ба “Толибон” кӯмаки башардӯстона кардааст

Ӯзбекистон ба “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) 1 ҳазору 300 тонна кӯмаки башардӯстона равон кардааст ва кӯмакҳо имрӯз, 14 сентябр дар шаҳри Мазори Шариф ба масъулини “Толибон” супорида шудааст. Дар ин бора, муовини комисияи фарҳангии Толибон Аҳмадуллоҳ Васиқ хабар додааст.

Хабари кӯмаки башардӯстонаро расонаҳои Ӯзбекистон низ бо такя ба сомонаҳои Афғонистон ва масъулини Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нашр кардаанд. Аз ҷумла, сомонаи “podrobno.uz” менависад, ки имрӯз, 14 сентябр Ӯзбекистон ба ҷунбиши “Толибон” кумаки башардӯстона супурд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Сомонаи “Спутник Ӯзбекистон” ҳам хабари кӯмаки башардӯстонаро ба “Толибон” аз номи сухангӯи вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Кобулҷонов тасдиқ намуда, навиштааст, ки кӯмакҳои башардӯстона аз ғизо, дору ва либос иборат мебошад, ки ба камбизоатон тақсим карда мешавад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ӯзбекистон аз таъсиси ҳукумати Толибон дар Афғонистон истиқбол кард

Манбаъ менависад, ки кӯмакҳои башардӯстона аз Ӯзбакистон тавассути роҳи оҳани Хайратон-Мазори Шариф интиқол дода шуда, онро намояндаи махсуси президенти Ӯзбекистон оид ба Афғонистон Исматулло Эргашев ба масъулони ҳукумати муваққатии ин кишвар супурдааст.

Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон аз камтарин кишварҳо аст, ки  аз таъсиси ҳукумати муваққатии "Толибон" истиқбол намуд.

– Умед дорем, ин тасмим боиси ба даст овардани ризоияти васеи миллӣ, истиқрори сулҳу суботи устувор дар ин кишвар хоҳад шуд,- омадааст дар баёнияи расмии ВКХ-и Узбакистон аз 8-уми сентябри соли 2021.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...