spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сафир: бори нахуст дар интихоботи президентии Ӯзбекистон пеш аз муҳлат овоз додан имконпазир аст

Зимни брифинги имрӯза сафии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Эргаш Шоисматов ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон бори нахуст дар таърихи кишвар дар интихоботи президентӣ, ки 24 октябр таъин шудаанд, пеш аз муҳлат овоз дода метавонанд.

Ба гуфтаи вай, тибқи меъёрҳои Кодекси нави интихобот, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳақ доранд, ки иродаи худро даҳ рӯз пеш аз интихоби сарвари давлат баён кунанд, аммо на дертар аз се рӯз пеш аз интихобот.

Сафир гуфт, барои баргузории интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ аз буҷети давлатии кишвар ҳудуди 300 млрд сӯми ӯзбекӣ ҷудо шуда, дар саросари ҷумҳурӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 800 қитъаҳои интихоботӣ таъсис ёфтаанд.

Дипломати ӯзбек ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки имрӯз дар сабти консулгарии сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 902 донишҷӯи ӯзбек ва сохтмончиён сабт шудаанд, ки дар интихобот дар қитъаи таъсисёфта назди сафорати Тошканд дар Душанбе раъй худро изҳор карда метавонанд.

“Илова бар ин, мо ҳамчунин ба шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Турсунзода ва Бохтар қуттиҳо барои овоздиҳӣ мефиристем”, – гуфт Шоисматов.

Ӯ таъкид дошт, ки ҷараёни интихоботи президенти Ӯзбекистонро зиёда аз 800 нозирони байнулмилалӣ аз САҲА, ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ пайгирӣ мекунанд.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон таҳти шиори “Ӯзбекистони нав – имконоти нав” баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...