Интиқоли неруи барқ тариқи хатҳои интиқоли барқ аз Ӯзбекистон бинобар сабаби ноқисиҳо дар қитъаи виляоти шимолии Бағлони Афғонистон қатъ шуд, иттилоъ медиҳад медиҳад Фергана бо истинод ба хабаргузории Aamaj News.
Дар изҳороти корпоратсияи энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон зикр мегардад, ки ба ҳамаи минтақаҳо дар ин хат бо шумули Кобул интиқоли барқ қатъ шудааст.
Гуфта мешавад, ширкат баҳри бартараф намудани камбуду ноқисиҳо тадбирҳо андешида истодааст.
Қаблан DABS хабар дода буд, ки қарзи Афғонистон аз пардохти истифодаи барқ назди кишварҳои ҳамсоя ҳудуди 62 млн долларро ташкил медиҳад. Нимаи моҳи август ҳукуматро дар Афғонистон ҳаракати тундгарои “Толибон” ба даст гирифт.
Тибқи маълумоти шабакаи телевизиони TOLOnews, корпоратсия ба ҳамсоякишварҳои содиркунандаи барқ – Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистону Эрон мактуб фиристода, дархост намудааст, ки интиқоли барқро қтъ накунанд ва ваъда додааст, ки қарзро пардохт мекунад. DABS инчунин ба Дафтари кории СММ ҷиҳати мусоидат ба Афғонистон бо даъвати кумак барои пардохти қарз муроҷиат карда буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.