Нашрияи ӯзбекии онлайни Kun.uz сарҳади Тоҷикистонро бинобар сабаби арзиши баланди пулситонии ғайриқонунӣ барои гузаштан аз марз “гаронтарин” номидааст. Бино ба маълумоти нашрия, дар сарҳади Қазоқистону Қирғизистон ҳам пул мегиранд, лекин камтар.
Хабарнигори нашрия аз гузаргоҳҳои марзӣ бо Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон боздид намуда, зикр кардааст, ки “ҳақ”-и аз ҳама зиёдтар дар гузаргоҳи “Ойбек” (Ӯзбекистон” – “Фотеҳобод” (Тоҷикистон) ба назар мерасад.
«Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки мехостанд ба Тоҷикистон бираванд, гуфтаанд, маҷбур шудаанд, ки то се соат интизор шаванд ва аз ҳар кадоме 150-200 сомонӣ пул талаб кардаанд», – менависад нашрия.
Гуфта мешавад, барои ин марзбонони тоҷик гӯиё як усули хеле содда, вале ба асабҳо таъсиррасонро интихоб мекунанд, яъне маҷбур мекунанд, ки муддати тӯлонӣ интизор шаванд.
«Дар натиҷа шахсе, ки сарҳадро убур мекунад, ғайр аз гапзанон бо марзбон ва пардохти маблағи зарурӣ ба ӯ, илоҷи дигаре надорад», – менависад нашрия.
Тавре Kun.uz хабар медиҳад, пул ба табибе, ки дар гузаргоҳи марзӣ кор мекунад, супурда мешавад.
“Агар шумо аз “муоина”-и духтар осонакак гузашта бошед, пас маблағи заруриро пардохтаед, – менависад хабарнигори нашрия. – Минбаъд марзбону гумрукчии тоҷик ба шумо аҳаммият намедиҳанд”.
Тибқи маълумоти ин нашрия, барои убур дар сарҳадҳои Қирғизистону Қазоқистон ҳам пул мегиранд.
“Дар гузаргоҳи “Достик” дар Қирғизистон иҷозаи убури сарҳад аз 50 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (52,6 сомонӣ) шурӯъ мешавад. Дар ин ҷо низ табиб "ҳақ"-ро ҷамъ мекунад, – менависад Kun.uz. – Дар гузаргоҳи “Ҷибек-Жолу”-и Қазоқистон “ҳақ”-и марзбонон 175 танга (зиёда аз 4 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад”.
Аммо менависанд корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, маблағе, ки дар марзи Қазоқистон мегиранд, аз зикршуда чандин бор зиёдтар аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи навиштаи корбарони тоҷик, марзбонони тоҷик натанҳо аз меҳмонон аз Ӯзбекистон, балки аз ҳамватанон низ пул меситонанд.
Ба гуфтаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар кардаанд, маблағи аз сарҳад гузаштан то 100-200 сомонӣ поин рафтааст, ки барои ин онҳо ба шахсони масъул дар ин самт изҳори миннатдорӣ мекунанд.
“Чунки тобистон аз 500 то 1000 сомонӣ мегирифтанд”, – мегӯянд онҳо.
Ёдрас мекунем, ки моҳи август сардори постгоҳи назоратии “Фотеҳобод” (“Ойбек”) ва ду муовини ӯ аз мансаб барканор шуда буданд. Лекин тавре маълум мешавад, тадбирҳо на он қадр натиҷа дода, пулситониҳо идома доранд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.