Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Диловар Ҷӯраев, шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия бо дархости Қирғизистон дорои ангезаи сиёсӣ номид. Ин ниҳод аз мақомоти Русия хостааст, Ҷӯраевро аз боздошт озод кунад, зеро ӯ бегуноҳ аст.
Додситонӣ рӯзи 13-уми ноябр бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, иддаои мақомоти Қирғизистон, ки Диловар Ҷӯраеви 52-сола дар ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ ва авбошӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ ва таъйину аломатгузориношудаи байни ноҳияи Исфара ва ноҳияи Ботканди Қирғизистон даст дорад беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст.
Дар баёния омадааст: “Бо дарназардошти ангезаи сиёсӣ доштани айбномаи болозикр Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2021 унвонии Прокуратураи генералии Федератсияи Россия мактуб омода намуда, хоҳиш кардааст, ки дархости ҷониби Қирғизистон бе баррасӣ монда шавад, шаҳрванд Ҷураев Д.Б. аз ҳабс озод карда шавад”.
Диловар Ҷӯраевро мақомоти интизомии Русия рӯзи 8-уми ноябр дар шаҳри Новосибирск дастгир карданд. Диловар Ҷӯраев шаш моҳ боз мавриди пайгарди Қирғизистон буд ва мақомоти ин кишвар мехоҳанд, Русия ӯро барои муҳокима ба Қирғизистон супорад. Бо ин дархост, ӯро чанд бор дар Русия барои бозпурсӣ муддати кутоҳе боздошт карданд.
Ифтихор Турганов, ҷияни Диловар Ҷӯраев, рӯзи 11-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст: "Ӯро пештар мепурсиданд ва ҷавоб медоданд. Ҳоло ба он гунаҳкор мекунанд, ки гуё 13-уми март роҳи қирғизҳоро дар Ворух бастааст. Ин даъво асос надорад, чун мо имкони бастани роҳи онҳоро надорем".
Диловар Ҷӯраев айни замон дар Боздоштгоҳи муваққатии рақами 1-и шаҳри Новосибирск нигаҳ дошта мешавад.
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчунин гуфтааст, ки бо ирсоли номае ба Додситонии кулли Қирғизистон хоҳиш кардааст, «ба таҷрибаи оғоз кардани парвандаҳои беасоси ҷиноятӣ вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар хатти сарҳад нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хотима бахшида шавад.»
Сарчашмаи ҳамаи ин парвандаву боздоштҳо муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон дар моҳи апрел аст. Дар низоъе, ки аз 28-уми апрел то рӯзи 29-уми апрел идома кард, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта шуданд ва даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Хонаву моликияти зиёде аз байн рафт.
Душанбе ва Бишкек ҳамдигарро ба барангехтани ин низоъ муттаҳам карданд, ки сабабаш таъйину аломатгузорӣ нашудани марз ва даъво барои обу замин аст. Ҳарду тараф барои тафтиши низоъ парвандаҳои ҷиноӣ боз карданд, вале то кунун дар бораи ҷараёни тафтиш ҳеч кадоме гузорише надодааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.