Дар ин дақиқаҳо нишасти онлайнии Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД), ки бо ибтикори раисиҷумҳури Қазоқистон даъват шудааст, ҷараён дорад.
Нишасти сарони СПАД бо як дақиқа сукут ба ёди қурбониёни эътирозҳо дар Қазоқистон оғоз шуд.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, изҳор дошт, ки Қазоқистон сахттарин бӯҳронро дар тамоми таърихи истиқлоли худ пушти сар гузошт.
Ӯ рӯйдодҳои Қазоқистонро кӯшиши табаддулоти давлатӣ номида таъкид дошт, ки ҳадафи аслии террористҳо ба даст гирифтани қудрат буд.
“Роҳзанон пулисҳоро бо бераҳмии шадид лату кӯб карда, сари ду нафари онҳоро буриданд”, – иброз дошт сарвари давлати кишвари ҳамсоя.
Зимнан зикр шуд, ки задухӯрд дар гирду атрофи шуъбаи пулиси Алма-Ато ду шаб давом карда, ҷангҷӯён қасд доштанд ба пойтахти Қазоқистон ҳамла кунанд.
Дар робита ба қурбониёни ғайринизомӣ Токаев зикр кард, ки теъдоди онҳо мушаххас мешавад.
“Дар як лаҳза ҳодисаҳои Қазоқистон буҳронӣ шуда, Алма-Ато ва 9 маркази вилоят дар дасти террористон қарор гирифт”, – иброз дошт Токаев.
Ӯ изҳор намуд, ки ҷангҷӯён аз вуруди нерӯҳои посдори сулҳи СПАД ба Қазоқистон огаҳӣ ёфта, аз нақшаи тасарруфи қароргоҳи раисиҷумҳури Қазоқистон даст кашиданд.
Президенти кишвари ҳамсоя маълумот дод, ки айни замон 2,3 ҳазор неруҳои посдори сулҳи СПАД дар Қазоқистон мустақаранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.