Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 13 январ зимни вохӯрӣ бо вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу масъалаи маъмурияти Созмони Паймони амнияти дастаҷамъиро дар Қазоқистон баррасӣ кард.
“Акнун ба ҷойҳои худ баргаштан лозим аст, мо вазифаи худро иҷро кардем”, – овардааст гуфтаҳои Путинро сомонаи Кремл.
Ба гуфтаи ӯ, неруҳои посдори сулҳ дар ба эътидол овардани вазъ дар Қазоқистон “нақши муҳим” анҷом доданд. Президент гуфт, неруҳои СПАД ҳамаи иншооти ҳаётан муҳимро зери посбонӣ гирифтанд, ки ин ба сохторҳои қудратии Қазоқистон ҷиҳати таваҷҷуҳи бештар ба кор дар дохили кишвар имкон дод.
Сергей Шойгу изҳор намуд, ки вуруди неруҳои псодори сулҳ ба Қазоқистон имкон фароҳам овард, ки дар рӯзҳои нахуст ҳудуди 1,6 ҳазор кормандони сохторҳои қудратии маҳаллӣ ба ҷорӣ намудани тартибот дар кишвар машғул шаванд.
Зимни гузориш ба Владимир Путин вазири мудофиаи Русия зикр кард, ки ҳангоми анҷоми маъмурият неруҳои посдори сулҳи СПАД 14 иншооти махсусан муҳимро таҳти муҳофизату посбонӣ гирифтанд.
“Инҳо иншооти соҳаи алоқа, энергетика ва иншооте мебошанд, ки фаъолияти давлатро таъмин мекунанд”, – изҳор доштааст Шойгу.
Дар мавриди муҳлати хуруҷи неруҳо Шойгу гуфтааст, дар бораи марҳила ба марҳила хориҷ кардан ва ба посбонии неруҳои Қазоқистон супардани иншоот қарор тасдиқ шуда, “хуруҷ имрӯз оғоз мешавад. (…) ва анҷоми он 19 январ ба нақша гирифта шудааст”.
“Имрӯз, 14 январ бо 14 ҳавопаймо неруҳои Арманистон, Тоҷикистон, Беларусро мебарорем. Қирғизҳо наздиканд ва худашон мустақилона мераванд. Дар идома муддати панҷ рӯз бо назардошти супурдани иншоот неруҳои боқимонда низ хориҷ мешаванд”, – шарҳ додааст вазири мудофиаи Русия.
Дар Қазоқистон рӯзи 13 январ маросими анҷоми амалиёти сулҳовари СПАД баргузор шуд.
Қаблан вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу хабар дода буд, ки СПАД маъмурияташро дар Қазоқистон “пас аз пурра ба субот омадани вазъ” ба анҷом мерасонад.
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 11 январ зимни суханронӣ назди вакилони парлумон эълом дошт, ки хуруҷи неруҳои посдори сулҳи СПАД аз кишвар ҳадди ниҳоӣ 10 рӯз давом мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.