spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Насли дувум: писари Бердимуҳаммедов номзади мақоми президентии Туркманистон шуд

Муовини сарвазири Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов номзад ба мансаби президенти Туркманистон пешбарӣ шуд. Қарор дар ин бора дар анҷумани IX ғайринавбатии Ҳизби демократи Туркманистон, ки рӯзи 14 феврал доир гардид, қабул шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

“Иштирокдорони анҷмуан суханронии Сардор Бердимуҳамедовро, ки ба мансаби президентӣ номзад пешбарӣ мешавад, дастгирӣ намуданд”, – гуфта мешавад дар хабари нашршуда.

Маъракаи интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Туркманистон 12 марти соли равон баргузор мешавад.

Пас аз он, ки чанде пеш дар ҷаласаи ғайринавбатии палатаи болоии парлумон – Халқ Маслиҳати (Шӯрои халқӣ) президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов изҳор дошт, ки “акнун ба ҷавонон имкон додан лозим аст, ки идоракунии давлатро ба дасти худ гиранд”, Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар чунин тасмим гирифт. Он замон ӯ ишора намуд, ки ба дӯши ӯ хеле зиёд мансабҳои масъулиятнок вогузор шудааст.

Сардор Бердимуҳамедов ягона писари президенти кунунии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов буда, ӯ боз ду духтар дорад. Сардор Бердимуҳамедов соли 1981 таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ба номи С.Ниёзов аз рӯи ихтисоси муҳадис-технолог ва Академияи дипломатии ВКХ Русия (мутахассис оид ба муносибатҳои байнулмилалӣ) мебошад.

Ӯ ҳамчунин дар Маркази сиёсат оид ба амнияти Женева  таҳсил карда, мутахассиси бахши амнияти аврупоӣ ва байнулмилалӣ аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Туркманистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мегардад

Аз 17 июли соли 2019 писари президент роҳбари вилояти Аҳал дар минтақаи марказии Туркманистон таъин шуд.

Аз 7 феврали соли 2020 ӯ ба ҳайси вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон фаъолият намуд.

11 феврали соли 2021 муовини сарвазир, раиси Палати олии назорат таъин шуда, ба ҳайати Шӯрои давлатии амният шомил гардид.

Дар ин мансаб ӯ ҳамчун ба масоили рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, бахши молияву иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ масъул буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...