spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Ӯзбекистону Қазоқистон қаторҳои мусофирбариро фаъол мекунанд. Тоҷикистон чӣ?

Пас аз танаффуси дусола, сар аз оғози моҳи апрел миёни Ӯзбекистону Қазоқистон нахустин қатори мусофирбарии доимӣ ба кор шуруъ мекунад. Дар ин бора ширкати роҳи оҳани Ӯзбекистон- “Ӯзбекистон темир йуллари" хабар медиҳад.

Аммо идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло таърихи дақиқи барқарор шудани хатсайри қаторҳои мусофирбарии кишвар маълум нест. Аммо ин ниҳод мегӯяд, ки онҳо низ барои азсаргирии равуои қаторҳои мусофирбари талош доранд.

Аз моҳи марти соли 2020 ба далели ҳамагирии коронавирус мусофиркашонии байнидавлатӣ тариқи қаторҳо дар роҳи оҳани Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русия манъ шуда буд.

Як манбаъ аз Корхонаи воҳиди давлатии мусофиркашонии Роҳи оҳани Тоҷикистон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “Мо талош дорем, баъди маълум шудан мо рӯзи дақиқи сар кардани корро эълон мекунем. Мо бояд аз се чор давлат гузарем, барои ҳамин розигии ҳамаи давлатҳо лозим аст. Корҳои ташкилӣ дар ин самт рафта истодааст”,-гуфт ин манбаъ

Субҳи 18-уми март ширкати Роҳи оҳани Ӯзбекистон – “Ӯзбекистон темир йуллари" дар сомонаии расмияш хабар дод, ки бо ширкати роҳи оҳани Қазоқистон барои барқарор кардани хатсайри доимии мусофиркашонӣ ба тавофуқ расидаанд.

Ба иттилои ин ширкат, сар аз 1-уми апрел нахустин қатораи мусофиркашонӣ дар хатсайри “Нукус (Ӯзбекистон) – Бейнеу (Қазоқистон) барқарор ва ба реҷаи муқаррарии корӣ шурӯъ мекунад.

“Қатора аз вокзали Нукус (Ӯзбекистон) рузҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе ҳаракат мекунад. Рузҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе аз Бейнеу (Қазоқистон) ба роҳ мебарояд. Робитаи роҳи оҳани Ӯзбекистон бо дигар кишварҳои хориҷи наздик бо мувофиқаи тарафҳо барқарор мешавад», – омадааст, дар хабарномаи “Узбекистон темир йуллари”.

Дар Тоҷикистон бар асари оғоз шудани мавсими рафтани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор ба хориҷи кишвар ва гарон шудани нархи билетҳои ҳавопаймо, мусофирин  мегӯянд, ки агар равуои қаторҳои мусофирбарӣ аз сар гирифта шавад, имкон дорад ҳам нархи билетҳо пойин шаваду ҳам нафароне, ки имкони камтар доранд метавонанд тавассути Роҳи оҳан сафар кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...