Дар сарҳади байни Ӯзбекистон ва Афғонистон беш аз 154 кило маводи нашъаовар ошкор шуд. Мошини боркаши боздоштшуда, ки дар он маводи нашъаовар интиқол дода мешуд, аз Афғонистон ба Қирғизистон бо транзит тариқи Ӯзбекистон раҳсипор буд.
Тавре ки хабаргузории “Фергана” бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон хабар медиҳад, мувофиқи ҳуҷҷатҳо дар мошин зиёда аз 22 тонна картошка дар 533 халта бор карда шуда буд.
Гуфта мешавад, кормандони гузаргоҳи гумрукии сарҳадии “Айритом” дар вилояти Сурхондарё халтаҳоро аз назар гузаронида, дар 38-то аз онҳо 1305 баста бо зиёда аз 154 кило маводи нашъаовори навъи ҳашиш дарёфт кардаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар гузаргоҳи марзии “Ойбек”-и вилояти Тошканд кормадони гумрук мошини боркашеро боздошт намуданд, ки бо рақами қайди Санкт-Петербург тариқи қаламрави кишвар аз Тоҷикистон ба Русия раҳсипор буд. Аз ин мошин 230 кило маводи нашъаовари героин дарёфт шуда буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.