spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Парлумон тасдиқ кард.Тоҷикону ӯзбекон дар кишварҳои якдигар 10 рӯз бе сабти ном мегарданд

Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар метавонанд то 10 рӯзи корӣ бидуни сабти ном гаштугузор намоянд.

Аз ин пештар, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кишварҳои якдигар ҳамагӣ 3 рӯз бидуни сабти ном метавонистанд иқомат кунанд.

Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, имрӯз, 30 март дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар ба тасвиб расид.

Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саиднахш Раҳмонзода зимни шаҳри созишномаи мазкур дар ҳузури вакилон ҳадафи қабули онро афзоиши сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ унвон кард.

– Дар банди 3 созишномаи мазкур ворид шуд, ки шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати  10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд,- гуфт Раҳмонзода.

Гуфта мешавад, ки аз ин пештар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар мекаранд, бояд дар давоми се рӯз худро дар ин кишвар  сабти ном мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо сари қудрати омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобитии сард миёни ду кишвар, ки солҳо боз идома дошт, рӯ ба нармӣ овард. Ҳамин тариқ, баъди сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 муносибат байни ду кишвар пурра тағйир ёфт, махсусан  дар масъалаи бо реҷаи раводид ворид шудани шаҳрвандони ду кишвар ба Ӯзбекистгн ва Тоҷикистон. 

Моҳи марти соли 2018 ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...