Раиси пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) Абдил Сегизбоевро аз боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ интиқол доданд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек хабар дод, ки Сегизбоев дар "Сӯистифода аз мансаб" айбдор ва 4 млн сом ҷарима шуд. Вай то замони пардохти ҷарима дар ҳабси хонагӣ хоҳад буд.
Вакилони мудофеи Сегизбоев охири моҳи март гуфтанд, ки вай ба бемории саратон гирифтор шудааст ва ба ин далел, аз додгоҳ хоста буданд, ки ҳабси Сегизбоев бозбинӣ шавад.
Абдил Сегизбоев 25 январи соли 2021 боздошт шуда буд. Дар ибтидо нисбати вай 6 парванда боз карда буданд.
Сегизбоев ва наздиконаш ҳамаи айбҳоро рад ва онҳоро "қассосгирии сиёсӣ" унвон карданд. Дар интихоботи президентии 10 январи соли 2021 вай яке аз номзадҳо буд ва 1,46 дарсад раъй гирифт.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.