spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон: шаҳрвандони мо метавонанд аз роҳҳои заминии ба Қазоқистон бираванд

Бекор шудани маҳдудиятҳои роҳҳои замини миёни Қазоқистон ва ҳамсояҳояш ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ имкон медиҳад, ки тавассути Қазоқистон ба кишварҳои ҳамсояааш – Русия ва Ӯзбекистон бираванд. Вазорати корҳои хорҷиии Тоҷикистон ба “Азия – Плюс” хабар дод, ки ҳоло шаҳрвандони мо метавонанд бо роҳҳои замини бидуни мушкил ба Қазоқистон ворид ва аз он ҷо хориҷ шаванд.

Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.

Бар асоси ин изҳорот, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам метавонанд тавассути Қазоқистон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия бираванд. Зеро Русия ҳам барои кишварҳои ИДМ ҳама намуди маҳдудияти давраи коронавирусро бекор кард.

Дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон омадааст, ки “бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шаванд”.

Ҳамчунин маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади давлатии Қазоқистон тариқи роҳи ҳавоӣ аз байн бардошта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, талаботи пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ташхиси COVID-19 бо методи ПСР ё ҳуҷҷат/шиноснома дар бораи пурра гузаштан аз давраи ваксингирӣ, ваксинзании дубора зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷиён боқӣ мемонад.

Ҳафтаи гузашта як масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, ки ин тасмим ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад ва онҳо наметавонанд, тавассути Қазоқистон вориди кишварҳои ҳамсояааш шаванд.

Вале имрӯз, аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия – Плюс” гуфтанд, ки ин иқдоми Қазоқистон ба тоҷикон низ дахл дорад. 

– Ин тасмими ҳукумтаи Қазоқистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ дахл дорад. Яъне тоҷикон низ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ки ин кишвар муқаррар кардааст, метавонанд, ки тавассути Қазоқистон ба кишвраҳои дигар бираванд,- гуфтанд аз ВКХ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд, ки тавассути Қирғизистон ба Қазоқистон ворид шаванд ё аз Қазоқистон ба василаи Қирғизистон ба Ватан биоянд, зеро дар пайи муноқишаҳои марзии моҳи апрели соли 2021, бо қарори Девони вазирони Қирғизистон аз 21 майи соли 2гузашта вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар бо ҳама роҳҳо –заминӣ ва ҳавоӣ манъ аст. 

Ҳоло миёни Тоҷикистону Қазоқистон парвозҳои ҳавоӣ кушода аст ва тоҷикон метавонанд тавассути ҳавопаймо вориди Қазоқистон шаванд.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон аз 16 март ва Русия аз 30 март маҳдудиятҳои ҷоришуда дар давраи пандемияро барои убури марзи заминӣ бо Қазоқистон бекор карда буданд.

Моҳи марти соли равон як масъули сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбат бо мо гуфта буд, ки тасмими Ӯзбекистон дар робита ба боз шудани сарҳади заминӣ байни ду кишвар танҳо ба шаҳрвандони худи Ӯзбекистон ва Қазоқистон рабт дорад ва тоҷикон наметавонанд, сарҳади заминии Ӯзбекистон ба Қазоқистон ва Русия ворид шаванд.

Ҳамасола дар фасли баҳор, ки мавсими ба муҳоҷират рафтани аҳолӣ аст, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сабаби гарон будани билети ҳавопаймо тавассути ҳавопаймоҳо ё гузаргоҳҳои заминии Ӯзбекистон ва Қазоқистон вориди Русия мешаванд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...