Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 3 май қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро имзо кард. Ин қонун ба мақомот иҷоза медиҳад, аз соҳибони саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо талаби пок кардани ҳама гуна хабар ва ё муҳтавоеро кунанд, ки таҳқири интернетии кӯдакон дониста мешаванд.
Рӯзи 20 апрел палатаи поёнии порлумони Қазоқистон пешниҳоди палатаи болоии порлумонро дар мавриди тағйироти қонуни мазкур қабул кард.
Сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон дар мавриди ташкили комисияи босалоҳият барои муайянсозии таҳқири киберӣ, поксозии маводи марбут ба таҳқири киберӣ тағйиру иловаҳо пешниҳод карда буд.
Мунаққидон гуфтанд, тарҳи қонуни мазкур, ки моҳи сентябри соли гузашта аз сӯи вакилони порлумон Айдос Сарим ва Динара Закиева пешниҳод шуда буд, ба мақомот имкони ташкили василаи нави сензураро медиҳад. Муаллифони тарҳ гуфтанд, қонун қатъият барои ҳифзи кӯдакон аз таҳқири киберӣ ва мубориза зидди паҳнсозии "муҳтавои хатарнок" таҳия шудааст.
Ҷомеаи мадании Қазоқистон дар замони баррасии тарҳ ва ҳам баъди қабули он меъёрҳои қонунро танқид мекунанд.